Санаи 27 феврали соли 2023 бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муҳтарам Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ҷаласаи сездаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси шаҳри Бӯстон ва муовни раиси ноҳияи Б. Ғафуров иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Амалишавии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, нақлиёт ва тандурустӣ пешниҳод карда шудаанд.