Санаи 13- 15 декабри соли 2022 Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо иштироки намояндаҳои вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон бо сарпарастии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон(UNDP) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ усули муосири ҷалби сармояи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт» баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони Муассиса оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуии танзимкунандаи муносибатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, таҷрибаи лоиҳаҳои амалишудаи шаркии давлат ва бахши хусусӣ ва шаҳодатномаи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи шарикӣ ба иштирокчиёни семинари мазкур рӯнамо пешниҳод карда шуд.