Санаи 24 майи соли 2023 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Хазинаи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNICEF) бо мақсади таъмини рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа, Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф» баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 134 нафар намояндаҳои вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шарикони рушд, намояндаҳои «Маркази шарикии давлат ва бахши хусусиӣ»-и Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии лозима оид ба татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳия карда шуда мавриди амал қарор дода шудаанд. Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бомуваффақона дар соҳаҳои тиб, нақлиёт, шаҳрдорӣ ва энергетика истифода шуда истодааст.

Ҳамзамон, дар доираи баргузории Конфронс меморандуми ҳамкорӣ байни Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиикстон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶС «Маркази шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба рушди ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф ба имзо расонида шуд.

Previous articleШӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Next articleТЕНДЕРИ ЛОИҲАИ ШДБХ
Администратор сайта

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here