- Лоиҳаи “Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 дар шаҳри Душанбе”
Лоиҳаи “Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 дар ш. Душанбе” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 22-уми сентябри соли 2016 ба муҳлати 10 сол ба ҶДММ “Бойчечак” барои истифодабари ва супоридан вогузор карда шудааст.
Ташкилоти фармоишгари лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Созишнома ва ассосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа, шарики хусусӣ ҶДММ “Бойчечак” дар давоми 10 сол кӯдакистони №133 ш. Душанберо бо маблағи 8 млн сомонӣ пурра таъмиру таҷдид намуда, тамоми таҷҳизотҳоро навсозӣ ва иқтидори ғунҷоиши боғчаро зиёд менамояд.
- Лоиҳаи “Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ “Данғара”
Лоиҳаи “Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 22 – декабри соли 2016 байни ташкилоти фармоишгар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик”, Маъмурияти МОИ “Данғара” ва Шарики хусусӣ ширкати хитойии “Shanxi Coal Coorproation” ба муҳлати 8 – сол ба маблағи 22, 8 (млн.) долари ИМА ба имзо расонида шудааст.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи “Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” иборат аз як зеристгоҳи 220/35/10 кВ ва ду хатти интиқоли барқи баландшиддат 15 км аз “НБО Сангтуда 1” ва 26 км аз зеристгоҳи “Шар-Шар”-ро ташкил медиҳад.
Уҳдадории шарики хусусӣ дар амалӣ намудани лоиҳаи мазкур, таъмин намудани субъектҳои Маъмурияти МОИ “Данғара” мебошад, ки барои сохтмони зеристгоҳи барқӣ ба ширкати “Shanxi Coal Coorproation” аз ҷониби Маъмурияти МОИ “Данғара” 2 га замин ҷудо карда шудааст.
- Лоиҳаи “Таъсиси маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ”
Лоиҳаи “Таъсиси маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ гепатитҳои вирусӣ” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 16-уми августи соли 2017 ба муҳлати 15 сол ба ҶДММ “Тоҷикиноватсия” барои истифодабарӣ ва супоридан вогӯзор карда шудааст.
Ташкилоти фармоишгари лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Созишнома ва асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа шарики хусусӣ — ҶДММ “Тоҷикиноватсия” бо маблағи 20 млн сомонӣ бояд пурра таъмиру таҷдид, барќарорсозии корҳо дар 53 утоқи марказҳои тиббӣ дар ҳамаи минтаќаҳои ҷумҳурӣ, харидории мебел, таҷҳизоти техникӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин намояд.
Макони асосии фаъолияти лоиҳаи “Таъсиси маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ” дар заминаи Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифода аз 15 утоқи корӣ дар ҳудуди 500 м2 дар назар дошта шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа ин ташхиси саривақтии беморон, коҳиш додани шумораи нафарони барои ин намуди муолиҷа ба хориҷи кишвар сафарменамуда, паст кардани сатҳи фавти гирифторони чунин беморӣ, воридоти технологияҳои навтарини соҳаи тиб ва рушди соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад.
- Лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе”
Дар соҳаи нақлиёт: лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе”, ташкилоти фармоишгари лоиҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ва шарики хусусӣ ҶДММ “Авесто Гуруҳ” тибқи асосноккунии техники-иқтисодӣ муҳлати амалишавии лоиҳа 5 солро дар бар гирифта, дар доираи он воридоти технологияҳои навтарини соҳаи нақлиёт ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти амалишавии лоиҳа ҷалби 23 093 545 (бисту се миллону наваду се ҳазору панҷсаду чилу панҷ) сомонӣ дар назар дошта шудааст.
- Лоиҳаи “Таъмин намудани аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокии тоза”
Лоиҳаи “Таъмин намудани аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокии тоза” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 13-уми январи соли 2020 ба муҳлати 35 сол ба ҶДММ “Билол – 2017” барои истифодабарӣ ва супоридан вогӯзор карда шудааст.
Дар маҷмӯъ барои барқарор намудани 3 чоҳи амӯдӣ ва хатҳои обёрӣ дар масофаи умумии 12,534 метр (иҷрои корҳои сохтмонӣ, хариди маҳсулоту лавозимот) дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1,783 145 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади таҷдиди инфрасохтори таъминоти оби нӯшокӣ, дастрасии аҳолии маҳал ба оби нӯшокии хушсифат, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дар сатҳи хуби таъмирӣ нигоҳ доштани иншоотҳои обтаъминкунӣ аз ҷониби бахши хусусӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин лоиҳа ба мақсадҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 мувофиқ буда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саҳми арзанда мегузорад.
- Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Бӯстон”
Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Бӯстон тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 30-юми декабри соли 2020 ба муҳлати 20 сол бо маблағи 13,7 млн сомонӣ ба ҶДММ “Билол-2017” барои истифодабарӣ ва супоридан вогӯзор карда шудааст.
Лоиҳаи мазкур ки 112 (яксаду дувоздаҳ) адад нуқтаи партовгоҳро ташкил медиҳад, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилию комуналӣ” тоза ва ба нуқтаи партовгоҳи асоси барои безараргардонӣ ва коркард бурда мешаванд.
Ҳамчунин, лоиҳа имконият медиҳад, ки партовгоҳҳои шаҳри Бӯстон саривақт тоза карда шуда, нигоҳдории муҳити экологии шаҳр, ки дар мадди аввал қарор дорад саҳми беназирро гузорад. Ҳамзамон вазъи молиявӣ ва нигоҳдории иншшоотҳо ва техникаҳои Муассисаи давлатии Раёсати “Хоҷагии манзилию комуналӣ”, ки дар ҳолати корношоям қарор доранд, аз нав харидорӣ карда мешаванд.
- Лоиҳаи “Низоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва низоми автоматии барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилӣ”
Лоиҳаи “Низоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва низоми автоматии барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилӣ” бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, №208 “Дар бораи тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ва созишномаи шарикӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Нет Солюшенс” бо маблағи беш аз 27 млн сомонӣ ба мӯҳлати 10 сол аз 6 сентябри соли 2021 а имзо расонида шудааст.
Бояд қайд кард, ки низоми бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ баҳри ҳалли як қатор масъалаҳо, аз он ҷумла ташкили махзани ягонаи рамзҳои IMEI – и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муқовимат ба истифодабарии ғайриқонунии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, муқовимат ба воридот ва истифодабарии ғайриқонунии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, пешгирии паҳнгардидани воситаҳои мобилии алоқаи барқии бесифат равона шудааст. Инчунин барои ғанӣ гардонидани буҷети давлат вобаста ба воридоти ғайриқонунии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мебошад.
Тибқи асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи мазкур барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зиёда аз 40 ҷойҳои кории доимӣ ва 20 ҷойҳои кории муваққатӣ ташкил карда мешвад.
- Лоиҳаи “Таъсиси Маркази скрининги аввалигяи бемории оташак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи “Таъсиси Маркази скрининги аввалигяи бемории оташак” тибқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ “Ташхиси муосир” бо мақсади дарёфти ва пешгирии бемории оташак, ки дар рӯйхати бемориҳои касбӣ ва номгӯйи моддаҳои зарарнок мансуб буда, шаҳрвандоне, ки ба давраи ҳатмии озмоиши оташак фаро гирифта мешаванд, ба муҳлати 10 сол аз 8 декабри соли 2021 ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи амалишавии лоиҳаи барои зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷойҳои кори доимӣ ташкил карда мешвад.
Тибқи асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи мазкур барои амалишавии он ҷалби беш аз 4,5 млн сомноӣ маблағҳои бахши хусусӣ барои таҷдид, азнавсзоӣ ва муҷаҳазгардонии утоқҳои кории Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо технологияи муосири тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
- Лоиҳаи “Бунёди Маркази ягонаи таъмин ва безаррагардонии асбобҳои тиббӣ бамаротиб истифодашаванда ва мониторинги сифати безараргардонӣ”
Лоиҳаи “Бунёди Маркази ягонаи таъмин ва безаррагардонии асбобҳои тиббӣ ба маротиб истифодашаванда ва мониторинги сифати безараргардонӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Тибинвест” аз 8 декабри соли 2021 ба мӯҳлати 10 сол ба имзо раоснида шуд.
Лоиҳаи мазкур бо бақсади безараргардони асбобҳои тиббии бомаротиб истифода шаванда, таъмини хизматрасонии аълосифат, ба роҳ мондани Марказ бо истифода аз усулу технология ва таҷҳизоти навтарини инноватсионӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, пурра аз ҳисоби бахши хусусӣ ҶДММ “Тибинвест” харидорӣ дар муассисаҳои тиббӣ таъмин карда мешавад.
Тибқи асосноккуии техникӣ — иқтисодӣ барои амалишавии лоиҳаи мазкур 17 783 850 (ҳабдаҳ миллиону ҳафтсаду ҳаштоду сеҳазору ҳаштсаду панҷоҳ) ба нақша гирифта шудааст.