Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” санаи 22 – декабри соли 2016 байни Ташкилоти фармоишгар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик”, Маъмурияти МОИ “Данғара” ва Шарики хусусӣ ширкати хитойии “Shanxi Coal Coorproation” тибқи банди 2.15.6 Созишнома ва модели молявӣ дар замимаи 3 Созишнома  лоиҳа  ба муҳлати 8 – сол ба маблағи 22,800 000 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Бо мақсади сохтмони зеристгоҳи барқӣ ба “Shanxi Coal Coorproation” аз ҷониби Маъмурияти МОИ “Данғара” дар ҳудуди 2 га замин ҷудо гардидааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳа моҳи майи соли 2017 ду ширкат, яке ширкати Ҷумҳурии Халқии Хитой “Чунчин” ва дигаре ширкати ватанӣ ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” интихоб гардида, корҳои сохтмонию васлгариро ба анҷом расониданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи модели молиявии лоиҳа барои татбиқи лоиҳа 90%-и маблағро (20 млн. 520 ҳазор доллари ИМА) аз бонк ба сифати қарз бо 7 фоизи солона ҷалб намуда, 10 фоизи онро (2 млн. 280 ҳазор доллари ИМА) аз ҳисоби маблағҳои худӣ шарики хусусӣ амалӣ намудааст.

Бо дарназардошти ҳаҷми истифодаи неруи барқ ва тақсими маблағи фурӯши барқ байни сармоягузор ва ШСХК “Барқи Тоҷик” муҳлати баҳрабардории иншоот 8 солро ташкил медиҳад. Тақсими маблағи фурӯши неруи барқ байни шарики хусусӣ ва ШСХК “Барқи Тоҷик” ба андозаи 50 ҳисса ба 50 ҳисса пешбинӣ гардидааст.

Корҳои сохтмонии зеристгоҳи мазкур аз ҷониби ширкати (Shanxi Coal Corporation) бо насбу васли 2 адад трансформаторҳои қудратии 125 MBт ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасон, корҳо вобаста ба васлу насби таҷҳизотҳои ҳимояи релегӣ, сохтмони ду хати интиқоли барқи алоҳидаи 220 кВ аз ду манбаъ, якум — Сангтуда — 1 бо дарозии 15,9 км бо васлу насби 52 адад такягоҳ ва манбаи дуввум — аз зеристгоҳи барқии 220/35/10 кВ “Шар-Шар” бо дарозии 23 км ва васлу насби 74 адад такягоҳ то Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” тибқи лоиҳа ба пуррагӣ аз ҷониби шарики хусусӣ ба анҷом расонида шуда, санаи 19-уми октябри соли 2018 аз ҷониби комиссияи корӣ қабул ва тавсияҳо барои пешниҳод намудан ба комиссияи давлатии қабули иншооти мазкур пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи “Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” дар солҳои 2017 – 2018 дар маҷмӯъ 34 нафар ба ҷойи кор таъмин гардиданд, ки 17 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд.

Хароҷоти маблағҳо аз руи Асосонокунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи мазкур 22 800 000 млн. доллари ИМА пешбини шудааст, аммо тибқи иттилои шарики хусусӣ ширкати “Shanxi Coal Coorproation” то моҳи октябри соли 2018 дар маҷмӯъ 25 640 650 млн. доллари ИМА-ро хароҷот намудааст, ки 2 840 650 млн. доллари ИМА аз ҷониби шарики хусусӣ бо сабабҳои гарон шудани масолеҳи сохтмонӣ, фоизи қарзи бонкӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки ширкати “Shanxi Coal Coorporation” ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Ташкилоти фармоишгар барои фароҳам овардани шароити мусоид ва бо барқ таъмин намудани мизоҷон дар МОИ “Данғара” тамоми имкониятҳояшро равона намудааст.

Previous articleНизоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе
Next articleТаъмин намудани аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокии тоза
Администратор сайта

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here