Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳоЛоиҳа
1. Дастури методии мазкур оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастур) бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (минбаъд – Қонуни ҶТ «Дар бораи ШДБХ») таҳия карда шудааст.
2. Дастури мазкур ҳолатҳои асосии таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии (минбаъд – АТИ) лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро (минбаъд – ШДБХ) муқаррар намуда, тавсияҳои ягонаро нисбат ба сохтор, мазмун, баррасӣ, мувофиқа ва барасмиятдарории АТИ лоиҳаҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омода мешаванд ва қисмати аввали лоиҳаи таҳияшавандаи ШДБХ мебошанд, муайян менамояд.
3. Мақсади Дастури мазкур ин таҳияи қарорҳои муносиб оид ба лоиҳа ва дурнамо, аз он ҷумла, сохтор ва миқёси муносиби лоиҳаи ШДБХ, тавсияҳо оид ба қарорҳои мақсадноки мар- кетингӣ, техникӣ – технологӣ, молиявӣ – иқтисодӣ, институтсионалӣ, экологӣ ва ғайра, оид ба муайян намудани намудҳо ва андозаи дастгирии давлатии чашмдошт дар доираи амалина- моии лоиҳа мебошад.
4. АТИ – ин омӯзиши манфиатнокии иқтисодӣ, таҳлил ва ҳисоби нишондодҳои молиявию иқтисодии лоиҳаи амалишаванда мебошад ва натиҷаҳои бо ҳуҷҷат ба расмият даровардашудаи таҳлили маркетинг ва техникию иқтисодие, ки мувофиқи мақсад будан, имконияти амалӣ намудани лоиҳа, ва қабули қарорҳои самараноки ташкилӣ, техникӣ ва иқтисодиро асоснок менамояд, дар бар мегирад.
5. АТИ аз арзёбии техникӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии хавфҳои асосӣ ва самаранокии лоиҳа, аз ҷумла пешниҳод оид ба манфиатнокӣ, таносуби нарх ва сифат ва супоридани хавфҳои техникӣ, амалиётӣ ва молиявии лоиҳаи ШДБХ иборат мебошад.
6. Вазифаҳои асосии таҳияи АТИ инҳо мебошанд:
- арзёбии амалишавии лоиҳа – имконияти амалӣ намуда- ни лоиҳа бо назардошти тамоми шартҳои мавҷуда ва маҳдудиятҳои хусусияти техникӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва ғайра дошта;
- арзёбии самаранокии комили лоиҳа – санҷиши иҷрои шароитҳо: муҳимияти натиҷаҳои дастрасшаванда болотар аз муҳиммии хароҷоти дархостшаванда (масрафи захираҳо);
- муқоисаи вариантҳои алтернативии амалӣ намудани лоиҳа ба мақсади асосноккунии амалинамоии лоиҳа ҳамчун варианти беҳтарин.
7. Ҳангоми таҳияи АТИ ба ғайр аз Дастури мазкур инчу- нин меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ШДБХ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ҶТ) низ бояд ба инобат гирифта шаванд.
Матни пурраро ин ҷо боргирӣ намоед.