Оғози фаъолиятТаърих
Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат санаи 28 декабри соли 2012 №907 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” қабул ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади иҷрои қонуни мазкур бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2013 дар бораи мақоми ваколатдор оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ тасдиқ карда шуданд.
Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №289 Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” таъсис дода шуд.
Аз ҷониби Муассиса лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоие, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» татбиқ карда намешавад» таҳия гардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 4 сентябри соли 2014 №581 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Дар давраи фаъолият Муассиса бо ташкилоту муассисаҳо ҳамкориҳои дахлдор намуда дар ин замина як қатор лоиҳаои эҳтимолии шарики дарёфт гардида, барои баррасӣ ба ҷаласаҳои Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод гардиданд.
Бояд қайд, намоем, ки дар ин давра 12 ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, нисбати лоиҳаҳои пешниҳодгардида хулосаву супоришҳои дахлдор бароварда шуд.