Лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” тибқи Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 27-уми феврали соли 2018 ба муҳлати 5 сол ба ҶДММ “Авесто Гуруҳ” барои таҷдид истифодабарӣ ва супоридан вогузор карда шудааст.

Ташкилоти фармоишгари Лоиҳа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, тибқи Созишнома ва Асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа шарики хусусӣ — ҶДММ “Авесто Гуруҳ” дар давоми 5 сол тамоми таҷҳизотҳои заруриро ба таври электронӣ пардохт намудани роҳкиро ва назорат намудани рафтуои нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанберо бо маблағи 23098520 сомонӣ пурра ҷиҳати амалинамоии Лоиҳа харидорӣ ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, дар автобус ва троллейбусҳо насб карда мешаванд.

Тибқи Асосноккунии техникӣ — иқтисодии Лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” аз чунин мақсадҳо иборат мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолии пойтахт ва меҳмонон тариқи воситаҳои электронӣ ба роҳ мондани раванди пардохти роҳкиро ва назорати он .

Содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум.

Батартибдарории ҳисобу китоби корхонаҳои нақлиётӣ

Назорати мунтазами гардиши молиявӣ.

Боиси тазаккур аст, ки Лоиҳа “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” (CITY CARD) санаи 14 феврали соли 2018 дар ҷараёни ташрифоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” оид ба банду басти автобусҳои тамғаи “Акиа”, ки дар заминаи КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”-и шаҳри Душанбе ташкил шудааст ва инчунин гузоштани санги асос барои сохтмони корхонаи истеҳсоли автобусҳо муаррифӣ карда шуда буд.

Санаи 1 марти соли 2018 татбиқи Лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” шурӯъ гардида, шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки кортҳои нақлиётиро аз нуқтаҳои фурӯш, ки дар истгоҳҳои шаҳр фаъолият менамоянд ва инчунин аз терминалҳои махсус дастрас намуда, тариқи он пардохтро дар автобус ва троллейбусҳои шаҳри Душанбе ба роҳ монанд.

Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум равона гардида, инчунин амалинамоии он як қатор бартариятҳо аз қабили батартибдарории ҳисобу китоби корхонаҳои нақлиётӣ, ҳалли масъалаи баргардонидани бақия ба мусофирон, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуои воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиёт ва ғайраро дорад.

Бинобар ин, аз санаи 1 апрели соли 2018 нақшаи ҷамъоваришавандаи пардохти роҳкиро аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гуруҳ” ва корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе пурра ба воситаҳои электронӣ ба роҳ монда шуд.

Айни замон, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди пардохт дар хатсайрҳо марҳила ба марҳила ба воситаи кортҳои нақлиётӣ сурат гирифта, ба мусофироне, ки чунин корт надоранд зарур меояд, ки онро аз нуқтаҳои фурӯш, ё ин ки аз терминалҳои махсус харидорӣ намоянд. Ба санаи 1 феврали соли 2019 дар аз 21 хатсайри мусофиркашони пойтахт ҳудуди 15 хатсайр пурра ба таври ғайринақдӣ гузаронида шудаанд, ки дар ин хатсайрҳо пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ ва барномаи махсуси мобилӣ сурат мегиранд. Ҳамарӯза дар пойтахт 21 адад хатсайрҳо фаъолият доранд, ки лоиҳа дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нақша дар нимсолаи якуми 2019 тамоми хатсайрҳои боқимондаро ба низоми электронӣ аз тарафи ҷамъият гузаронида мешаванд.

Тақсимоти кортҳои электронӣ аз руи нақша чунин аст:

Вобаста ба шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳо ҳангоми сафар намудан дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум бархудоранд, аз тарафи ҷамъият кортҳои махсус омода гардида, дар ҳаҷми зиёда аз 24000 адад ба Мақомот барои ба роҳ мондани тақсимоти онҳо ба воситаи сохторҳои марбутаи ҳифзи иҷтимоии шаҳрӣ дастрас карда шуд.

Инчунин, дар асоси муроҷиати расмии сохторҳои қудратии кишвар, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои наздикии марказ фаъолият мебаранд, ҷудо намудани кортҳои имтиёзнок мавриди баррасии Лоиҳаи «CITY CARD» қарор дошта, дар муҳлати кӯтоҳтарин пешниҳод карда мешаванд.

Боиси ёдоварист, ки ҷиҳати ҳавасманднамоии мусофирон аз истифода бурдани кортҳои нақлиётӣ, мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101 дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ гардидани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо ба донишҷӯён то 30 фоиз ва ба дигар мусофирон то 15 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ташвиқу тарғиби низоми нав, аз тарафи Лоиҳаи «CITY CARD» як қатор корҳо, бахусус омода ва тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радио пахш намудани видеороликҳои таблиғотӣ, иштирок дар барномаҳои соҳавӣ дар телевизион бахшида ба масъалаҳои низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он, бо дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истгоҳҳои пойтахт ҷойгир намудани волонтерҳо ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт, ташкили маркази хизматрасонӣ ва маркази хизматрасонии иттилоотӣ, ташкили сомонаи расмии лоиҳа ва ғайра амалӣ гардонида шудаанд.

Илова бар ин, дар сомонаи расмии Лоиҳа (www.citycard.tj) портали махсус низ фаъолияти худро оғоз намудааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here