Санаи 15 июни соли 2023 дар бинои Қасри фарҳанги вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Хазинаи кудакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNICEF) бо маќсади таъмини рушди механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушди инфрасохтор бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои минтақа, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ» баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 71 нафар намояндаҳои намояндаи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, шуъбаву бахшҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии лозима оид ба татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳия карда шуда мавриди амал қарор дода шудаанд. Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бомуваффақона дар соҳаҳои тиб, нақлиёт, шаҳрдорӣ ва энергетика истифода шуда истодааст.