Фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тақвияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва моликияти давлатӣ равона гардида буд.

Дар ин давра, қонунгузории соҳаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ, баҳодиҳӣ, соҳибкорию сармоягузорӣ такмил ва амалӣ шуданд.

 

Сармоягузории хориҷӣ

 

Дар соли сипаришуда як қатор форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор шуда, дар доираи онҳо бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории давлатҳои Арабии Миср, Белгия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ӯзбекистон, Корея, Россия, Белорусия, Амрико, Арабистони Саудӣ ва форумҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон   баргузор карда шуда, дар доираи онҳо беш аз 100 ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 32 млрд. сомонӣ ба мувофиқа расонида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар соли 2022  созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расида, ба бунёди  корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ташкили 1200 ҷойҳои нави корӣ равона гардидаанд.

Дар давраи соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба кишвар 1,9 баробар зиёд сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст.

 

 

 

Сармоягузории давлатӣ

 

Дар давраи ҳисоботӣ 72 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 40,0 млрд. сомонӣ амалӣ гардида истода, азхудкунии маблағҳо 5,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии афзалиятнок дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи зиёда аз 7 миллиард сомонӣ (717,2 миллион доллар) ба имзо расонида шуд, ки 93 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ

 

Дар давраи соли 2022 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд.

Тавассути низоми «Равзанаи ягона»-и Кумитаи андоз то 1 июли соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 340,1 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1300 адад зиёд мебошад.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумита тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар ин замина, соли 2022 бахшҳои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Бохтар, Хоруғ ва шаҳри Кулоб ифтитоҳ ёфта, зиёда аз 200 чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ гузаронида шуданд.

Ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо, лоиҳаи Қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати кишвар маъқул дониста шуд.

 

Ин тадбир расмиёти ягонаи иҷозату иҷозатномадиҳиро танзим намуда, кори соҳибкоронро осон менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 12,8 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст.

 

Моликият

Дар соли 2022 аз ҷониби Кумита ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки моликияти давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидишуда аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи босамари моликияти давлатӣ беш аз 34,5 млн сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст.

Инчунин, дар ин давра ҷиҳати танзими масъалаҳои идораи моликияти давлатӣ 48 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида қабул гардидаанд.

 

 

 

 

Хотима

Ҳамаи маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои фаъолияти  Кумитаи давлатии сармоягзуорӣ ва идораи амволи давлатӣ  дар суроғаҳои www.investcom.tj, www.molikiyat.tjwww.muzoyada-kvd.tj www.tajinvest.tj, www.bizincubator.tj, www.ppp.tj, www.investmentcouncil.tj ва www.b2b.tj  ҷойгир карда шудаанд.

 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон

Previous articleСЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ ШДБХ
Next articleСеминари омӯзишӣ дар мавзӯи «Рушди шарикии давлат ва бахши — усули муосири ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба иқтисодиёт»
Администратор сайта

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here