Бо мақсади фаҳмондадиҳии васеи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳруии Тоҷикистон санаи 10 феврали соли 2023 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Рушди механизми ШДБХ — усули муосири ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ» бо сарпарастии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштирок намояндаҳои вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон дар толори МД «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, ошёнаи якум баргузор карда мешавад.
Шахсони ҳавасманд метавонанд, бе ягон мамоният дар чорабинии омӯзишӣ иштирок намоянд.
телефонҳои шахси масъул: 221-11-56, 988-05-45-56