Лоиҳаи “Таъсиси маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ” тибқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 16-уми августи соли 2017 ба муҳлати 15 сол ба ҶДММ “Тоҷикиноватсия” барои истифодабарӣ ва супоридан вогузор карда шудааст.
Ташкилоти фармоишгари лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Созишнома ва Асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа шарики хусусӣ — ҶДММ “Тоҷикиноватсия” бо маблағи 20 млн. сомонӣ бояд пурра таъмиру таҷдид, барқарорсозии корҳо дар 53 утоқи марказҳои тиббӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, харидории мебел, таҷҳизоти техникӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин намояд.
Макони асосии фаъолияти лоиҳаи “Таъсиси маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ” дар заминаи Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо истифода аз 15 утоқи корӣ дар ҳудуди 500 м2 дар назар дошта шудааст. Инчунин дар 53 шаҳру ноҳияҳо як утоқи корӣ барои ташхиси пешакӣ (скрининги гепатитҳои вирусӣ) ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба солимии ҷомеа ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади асосии лоиҳа ин ташхиси саривақтии беморон, коҳиш додани шумораи нафарони барои ин намуди муолиҷа ба хориҷи кишвар сафарменамуда, паст кардани сатҳи фавти гирифторони чунин беморӣ, воридоти технологияҳои навтарини соҳаи тиб ва рушди соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад.
Тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа, марказ аз 60 воҳиди корӣ иборат буда, айни замон тибқи руйхати пешниҳод гардида дар марказ 39 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз ин 23 нафар кормандони штатӣ ва 16 нафари дигар бошад кормандони ғайриштатӣ мебошанд.
Инчунин дар доираи лоиҳа кормандони ғайриштатӣ ҷалб гардида, 16-нафар дар маркази ш. Душанбе ва 3 нафар кормандони штатӣ дар ш. Ваҳдат фаъолият намуда истодаанд.
Лоиҳа самти васеъи иҷтимоиро дар бар гирифта, муҳлати харҷбарории он 5 сол ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа аз ҷониби шарики хусусӣ ҶДММ “Тоҷикиноватсия” дар 53 утоқи марказҳои тиббии минтақаҳои ҷумҳурӣ техникаву технологияҳои нави муосири соҳаи тандурустӣ ва корҳои сохтмони таъмин карда шаванд.
Тибқи руйхати пешниҳод гардидаи директори марказ аз ҳисоби корҳои иҷрошудаи ташхиси лабороторӣ аз моҳи майи соли 2018 то моҳи феврали соли равон ҳамагӣ 13 026 (ҳаз.) нафарро ташхис гузаронида, аз он 1 962 (ҳаз.) нафараш ройгон мебошанд.