Лоиҳаи “Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 дар ш. Душанбе” тибқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи 22-уми сентябри соли 2016 ба муҳлати 10 сол ба ҶДММ “Бойчечак” барои истифодабарӣ ва супоридан вогӯзор карда шудааст.

Ташкилоти фармоишгари лоиҳа Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Созишнома ва Ассосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа шарикии хусусӣ — ҶДММ “Бойчечак” дар давоми 10 сол кӯдакистони №133 ш. Душанберо бо маблағи 8 млн сомонӣ пурра таъмиру таҷдид намуда, тамоми таҷҳизотҳоро навсозӣ ва иқтидори ғунҷоиши боғчаро зиёд намояд.

Титбқи асоснокунии техникии иқтисодии лоиҳаи “Таҷдид (азнавсозӣ) ва идоранамоии кӯдакистони №133-и шаҳри Душанбе” лоиҳаи мазкур аз чунин мақсадҳо иборат мебошад.

Бо мақсади модернизатсия ва азнавтаъмиркунии кӯдакистони №133-и ш. Душанбе амалигардонии намунаи хуби шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути додани он ба истифодаи соҳибкорони хусусӣ ба мӯҳлати дарозмуддат.

Ҷавобгу будани кӯдакистон ба талаботҳои муосири муассисаҳои таҳсилотӣ-тарбиявии томактабӣ, муассисаи мазкур таълими томактабии пулиро бо омӯзиши амиқи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва ҳамчунин омӯхтани забони англисӣ, пешниҳод карда тавонад.

Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ дар хизматрасонии босифати тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мувофиқи талаботҳои давлатӣ.

Кӯдакистони мазкур дар масоҳати 1 га ҷойгир буда, аз се бинои ду ошёна ва як бинои як ошёна иборат мебошад, ки масоҳати умумии биноҳо 1951 метри мурабаъро дар бар мегиранд. Ҳамзамон кӯдакистон дорои 12 адад майдончаи баҷагона мебошад.

Бинои №1 кӯдакистон аз ду ошиёна иборат буда, айни замон ошёнаи дуюм ба пуррагӣ таъмир шуда, ошёнаи якум бошад дар ҳолати таъмир қарор дорад.

Бинои №2 ва №3 кӯдакистон ошиёнаи якум ва дуюмаш ба пуррагӣ  таъмир гардидааст.

Дар ҳудуди кӯдакистон дар масоҳати 56 метри мураба як бинои душиёна бо 5-утоқи корӣ азнавсози гардида, таъмири сохтмонаш ба пуррагӣ ба анҷом расидааст, ки маъмурият муваққатӣ дар ин бинои навбунёд ҷойгир карда мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳлили рафти корҳо тибқи асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳаи “Таҷдид (азнавсозӣ) ва идоранамоии кӯдакистони №133-и шаҳри Душанбе” муайян гардид, ки барои иҷрои мақсади якуми лоиҳа, аз ҳисоби Шарики хусусӣ дар ин маврид ҶДММ “Бойчечак” ба ҳолати 31 декабри соли 2019 дар кӯдакистони №133-и шаҳри Душанбе корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:

  • таъмири пурраи синфхонаҳои 5,6,7,8,9,10,11,12;
  • харидорӣ ва насб намудани дару терезаҳо дар ҳар як утоқ ва синфхонаҳои таълимӣ;
  • иваз шудани ҳамаи қубурҳои гармидиҳӣ ва қубурҳои обпарто;
  • азнавсозии таҷҳизотҳои барқтаъминкунанда;
  • ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо мебелҳои нав;
  • рангубори дизайнерии утоқҳо ва синфхонаҳо;
  • болопуш карда шудани биноҳоии 1,2,3;
  • сарҳади кӯдакистон бо панҷараҳои оҳанин иҳота гардида ва 2 дарвозаи калон насб карда шудааст;
  • гирду атрофи деворҳо бо маводҳои аз борону барф иҳотакунанда пушонида шуданд;
  • бинои посбон таҷдид гардида, болопуши он пурра иваз карда шудааст;
  • тамири пурраи роҳгардҳо.

Корҳои иҷрошуда ба талаботҳои сохтмонӣ мутобиқ буда барои ба анҷом расонидани онҳо мутахассисони пуртаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Инчунин дар корҳои иҷрошуда, маҳсулотҳои замонавии сифатнок истифода гардидаанд, ки онҳо кафолати истифодабарии тӯлониро медиҳанд.

Симои зоҳирии кӯдакистони №133-и шаҳри Душанбе пас аз ба ҶДММ “Бойчечак” супорида шудан, диққатҷалбкунанда шуда, барои пешгирии фарсудашавии бармаҳали биноҳои он аз ҷониби ҶДММ “Бойчечак” тамоми ҷораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Вобаста ба талаботҳои муосири замонавӣ ҷавобгӯ будани кӯдакистон ҶДММ “Бойчечак” дар кӯдакистон омузиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳамчунин омӯхтани забони англисиро бо ҷалби мутахассисони касбӣ ба роҳ мондааст.

Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба кӯдакистон мурабиён ва кормандоне, ки таҷрибаи бо кӯдакон кор намуданро доранд ҷалб шудаанд. Ҳамзамон ҷиҳати солимии кӯдакҳо равоншиносон ҷалб гардидаанд.

Тибқи нақша дар кӯдакистон бояд 260 нафар ба таълим гирифта шавад. Дар кӯдакистон 225 нафар номнавис гардидаанд, ки дар давоми ду рӯзи мониторинг ба ҳисоби миёна 144 нафар кӯдак иштирок доштанд, ки дар 10 гурӯҳ аз 12 то 20 нафарӣ ҷойгир карда шудаанд.

Тақсимоти кӯдакон аз руи нақша чунин аст:

12 – нафар кӯдак ба тариқи ройгон, 16 – нафар кӯдакони кормандони ширхоргоҳи кӯдакистон бо пардохти имтиёзнок 400-600 сомонӣ, 112 – нафар кӯдакони дигар тариқи шартномавӣ бо нархи 700 сомонӣ, 4 – нафар бо нархи 900 сомонӣ, таълим мегиранд.

Тибқи асосоноккунии техникии иқтисодӣ ва Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар як сол 12 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва маъюб тариқи ройгон ҷалб гардида, аз рӯи ҳисобҳо дар як сол 100 800 сомонӣ бори иҷтимоӣ аз дӯши давлат сабук мегардад, ки қабули кӯдакон бо розигии хаттии Ташкилоти фармоишгар ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби ҶДММ “Бойчечак” амалӣ карда мешаванд.

Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда аз санаи баимзорасии Созишнома аз моҳи октябри соли 2016 то охири моҳи январи соли 2019 аз ҷониби шарики хусусӣ барои корҳои сохтмони ва таҷдиду азнавсозӣ 2 639 027,00 сомонӣ харҷ карда шудааст, ки ин маблағ 56 фоизи маблағи умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.

Previous articleТаъсиси маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ
Next articleНизоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе
Администратор сайта

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here