Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба “Таъмин намудани аҳолии ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби нӯшокии тоза” 13 январи соли 2020 байни Ташкилоти фармоишгар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафруов  ва ҶДММ “Билол -2017” ба муҳлати 35 сол бо маблағи 1 миллиону 783 ҳазору 470 сомони ба имзо расонида шуд.

Бо мақсади барқарорсозии чоҳҳои амудӣ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ҶДММ “Билол-2017” солона 1206 хоҷагии ва ё зиёда аз 7000 нафар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд, ки истеъмолкунандагони асосии об аҳолӣ буда, арзиши 1м3 оби ошомиданӣ 1,23 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Арзиши лоиҳаи мазкур 1 миллиону 783 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории лоиҳаи 64 % ва ё 1 144 481 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ «Билол-2017» ва қарзи бонкӣ ва 36% ва ё 638 988 сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории Агентии рушди байналмилалии Амрико (USAID) сурат гирифтааст.

Боиси тазаккур мебошад, ки дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” аввалин лоиҳа дар вилояти Суғд дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ амалӣ карда мешавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here